ДДХ: БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ИМКОНОТИ МУСОИД ФАРОҲАМ ОВАРДА ШУДААСТ

Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ Комилбек Амид Ёрбек
— Устоди азиз, нахуст доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, хусусан, вобаста ба ихтисосҳо ва таҳсили донишҷӯён ба таври мухтасар маълумот медодед.
— Яке аз падидаҳои муҳимтарин ва дастоварди ВМКБ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ташкили муассисаи олии таълимии – Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев мебошад. Таъсисёбии донишгоҳ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-маърифатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдоди муҳим буда, аҳаммияти бузурги сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорад ва дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят саҳифаи навро боз намуд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба душвориҳои солҳои аввали Истиқлол нигоҳ накарда, чун маркази илмӣ-маърифатӣ, неруҳои зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. Ҳамчун боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кӯҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устуворро фароҳам овард.
Фаъолияти 31-солаи донишгоҳ собит намуд, ки иқдоми наҷиб ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рушди вилоят аҳаммияти бузург дорад. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 20 ҳазор нафар хатм намуданд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон-Тоҷикистон софдилонаву содиқона кор мекунанд.
Донишгоҳ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дорои 64 ихтисос, 9 факултет, шуъбаи магистратура ва 21 кафедра мебошад.
— Мусаллам аст, ки заминаи асосии вусъати фаъолияти донишгоҳ аз шароиту имконоти он вобастагии амиқ дорад. Мегуфтед, ки айни ҳол заминаи моддию техникии донишгоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад ва оё он бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ҳамаҷониба таъмин аст?
— Мо дар асре зиндагию фаъолият дорем, ки давраи пешрафти босуръати илму техника ва технологияи навин, пайдоиш ва пешрафти самтҳои нави илм ва дар маҷмуъ, табаддулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омӯзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст. Дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рӯз ба рӯз ба манбаи арзишманд ва сермаҳсули зиндагии аҳли башар табдил меёбад. Ҳамзамон, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфта, аҳаммияти торафт муҳим пайдо карда истодааст.
Ҳангоми суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар (18.03.2020) иброз намуда буданд: “Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад”.
Базаи моддӣ-техникии донишгоҳ дар доираи нақшаи рушди донишгоҳ давра ба давра беҳтар гардида истодааст. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳурии Тоҷикистон соли таҳсили ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани пойгоҳи моддию техникӣ дастгоҳу таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ дастрас шуд. Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким ёфта, айни ҳол дар донишгоҳ 11 озмоишгоҳу маркази илмӣ-таълимӣ, 6 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази тестӣ, 2 маркази инноватсионӣ, маркази таълими-фарҳангии Ҳиндустон ва Россия, 1 толори инноватсионӣ барои баргузории семинару конференсияҳо бо 50 ҷойи нишаст, як толори лексионии дорои 80 ҷойи нишаст, як кабинети лингофонӣ, 6 озмоишгоҳи таълимӣ бо 443 адад компютер, 77 ноутбук, 32 моноблок, 130 принтер, 49 проектор, 24 тахтаи электронӣ, 14 телевизиони калонҳаҷм, 13 сканер, 69 камераи мушоҳидавӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор дорад.
— Баланд гардидани сатҳу сифати таълим ба таъмини мутахассисони варзида иртиботманд мебошад. Оё донишгоҳ бо устодону омӯзгорон пурра таъмин аст ва теъдоди нафароне, ки дорои дараҷаву унвони илмианд, чӣ қадарро ташкил медиҳад?
— Раёсати донишгоҳ ҷиҳати таъминоти кафедраҳо бо омӯзгорони унвони илмидор тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Дар соли равон 3 нафар рисолаи докторӣ ва 3 нафари дигар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамзамон, 1 нафар рисолаи докторӣ ва 6 нафар барои дифои рисолаи номзадӣ муҳокимаи пешакиро гузаштанд.
Дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ 1 нафар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 1 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 15 доктори илм ва 65 номзади илм фаъолият карда истодаанд.
Самти афзалиятноки инкишофи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи илм ва маориф мебошад.
Дар соли таҳсили 2023-2024 теъдоди умумии омӯзгорон 324 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 79 нафар омӯзгори соҳибунвон мебошанд.
— Сол то сол фаъолияти донишгоҳ тақвият меёбад ва дар он ба ғайр аз муҳассилини ВМКБ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар низ таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳ кадом шароиту имконоти мусоид барои довталабони шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда шудааст?
— Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои довталабон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар як қатор шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, донишгоҳ дорои 64 ихтисос буда, интихоби васеи ихтисосҳо ва самтҳои таҳсил барои довталабон пешниҳод шудааст, ки ин ба довталабон имкон медиҳад, барномаи мувофиқро интихоб намуда, ҳадафҳои таълимӣ ва касбии худро амалӣ созанд. Ҳамзамон, донишгоҳ метавонад барномаҳои таълимиеро пешниҳод кунад, ки ба ниёзҳои минтақаҳо ё бахшҳои мушаххаси иқтисод мутобиқ шудаанд ва ба беҳтар мутобиқ шудани хатмкунандагон ба шароити кор ва зиндагии маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, донишгоҳ дорои 2 хобгоҳи замонавӣ бо тамоми шароити мусоид барои зисти донишҷӯён буда, донишҷӯён аз минтақаҳои дурдаст метавонанд аз он самаранок истифода баранд. Инчунин, имконот барои идрорпулӣ ва дигар шаклҳои дастгирии молиявӣ дастрас мебошанд.
Дар самти фаъолияти тадқиқотӣ низ донишгоҳ метавонад ба донишҷӯёни минтақаҳои гуногун барои иштирок дар лоиҳаҳо ва чорабиниҳои тадқиқотӣ, ки ба соҳиб шудан ба унвону вазифаҳои илмӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон мусоидат мекунад, имкон фароҳам оварад. Илова ба ин, донишгоҳ метавонад чорабинӣ ва барномаҳоеро ташкил кунад, ки ба ҳамгироии донишҷӯён аз минтақаҳои гуногун, табодули таҷри баҳои фарҳангӣ ва ташаккули ҷомеаи таҳаммулпазир ва дӯстона мусоидат мекунанд.
— Маълум аст, ки донишгоҳи мазкур дар вилоят ягона маркази омода намудани мутахассисон маҳсуб меёбад. Донистан мехостем, ки дар се соли охир чанд нафар донишгоҳро аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм кардаанд?
— Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро аз рӯйи ихтисоси омӯзгорӣ дар соли 2021 374 нафар, соли 2022 308 нафар, соли 2023 206 нафар ва дар умум, 888 нафар донишҷӯ хатм намудааст.
— Яке аз омилҳои муваффақияти донишгоҳ таъмини хатмкунандагон ба ҷойи кор мебошад. Дар ин самт раёсати донишгоҳ кадом корҳоро ба сомон расондааст?
— Ҳамасола раёсати ДДХ аз раёсати маорифи ВМКБ дархост оид ба норасоии кадрҳо дар соҳаи маорифро талаб намуда, мутахассисони ҷавонро мувофиқи дархости раёсати маориф барои кору фаъолият ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ сафарбар менамояд. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо хатмкунандагон пайваста ҷаласаҳо гузаронида шуда, ҳамаи он имтиёзҳое, ки аз тарафи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар пешниҳод карда мешаванд, тавзеҳ дода мешавад.
— Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф амалӣ гардида истодааст, ки ҳадаф аз он тақвият бахшидани омӯзиши фанҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Раёсати донишгоҳ дар масъалаи ҷалби довталабон ба ихтисосҳои марбут ба илмҳои дақиқ ва табиию риёзӣ ва вусъати омӯзиши фанҳои мазкур чӣ тадбирҳоро ба роҳ мондааст?
— Иқдоми дигаре, ки пурра ба илмҳои бунёдӣ ва вусъат бахшидани тафаккури техникии ҷомеа равона карда шудааст, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мебошад, ки дар Паёми солонаи худ Пешвои миллат ба аҳли илму маориф дар ин хусус чунин гуфта буданд: «…ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».
Раёсати ДДХ барои ҷалби довталабон ба ихтисосҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дарҳои кушод гузаронида, довталабонро бо ҳамаи шароит, таҷҳизот ва озмоишгоҳҳое, ки барои таълиму тарбияи донишҷӯён фароҳам шудааст, шинос менамояд.
Раёсати донишгоҳ якчанд тадбири дигарро низ барои ҷалб ва омода намудани донишҷӯёни боистеъдод ва лаёқатманд ба ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ роҳандозӣ намудааст, ки ин иқдомот дар навбати худ, ба рушди иқтидори илмию таълимии минтақа ва дар маҷмуъ, кишвар мусоидат мекунанд:
— Таъмини иттилооти васеъ дар бораи ихтисосҳои дастрас тавассути каналҳои гуногуни иртиботот — вебсайти донишгоҳ, шабакаҳои иҷтимоӣ. Маълумоти муфассал дар бораи барномаи таълим, имконоти касбомӯзӣ ва шароити таълим.
— Таҳияи барномаҳои дастгирӣ ва машваратӣ барои довталабони эҳтимолӣ, ки онҳо ба ин васила тавонанд ба саволҳои худ дар бораи ихтисосҳо, раванди қабул, кумаки молиявӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳимми илмӣ ҷавоб гиранд.
— Ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос. Мавҷудияти омӯзгорони ботаҷриба ва соҳибихтисос дар ин соҳаҳо, ки бар замми дониш омӯзондан, ба тадқиқот ва рушди касбии донишҷӯён низ мусоидат кунанд.
— Усулҳои инноватсионии таълим: Ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, истифодаи технологияҳои рақамӣ, корҳои озмоишӣ ва супоришҳои лоиҳавӣ барои татбиқи амалии дониш ва малакаҳо.
— Ташаккул додани фазои ҳавасмандгардонӣ: Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои илмӣ, конференсия, семинар ва озмунҳо, ки ба рушди касбӣ ва шахсии онҳо такон мебахшад.
— Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд. Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар донишгоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад ва дар рушди забони давлатӣ дар ВМКБ кадом корҳои шоиста анҷом дода мешаванд?
— Дар донишгоҳи мо Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” тибқи нақшаи чорабиниҳо, ки дар Шурои олимон тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” пайваста дар ҷаласаи Шурои олимон, раёсати донишгоҳ ва факултетҳо мавриди баррасӣ ва рафти иҷрои он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода мешавад. Пайвас та таъкид мегардад, ки ба забони давлатӣ арҷ гузошта, онро пос доранд, дар рафти дарсҳо, ҷойи кор пурра забони давлатиро мавриди истифода қарор диҳанд.
Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ конференсияи сатҳи донишгоҳӣ таҳти унвони “Забон – пояи давлат” доир гардид, ки дар он докторони илм, забоншиносон ва мутахассисони варзида оид ба паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Ҳамзамон, дар донишгоҳ давоми сол се конференсия ва се семинари илмӣ доир карда шудааст.
Моҳи январи соли равон барои кормандони хурди донишгоҳ аз тарафи раёсати донишгоҳ курси якмоҳаи омӯзиши имлои забони тоҷикӣ бо фарогири 45 нафар корманд ташкил ва гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар донишгоҳ ҳамасола аттестатсияи омӯзгорон ва кормандон доир мегардад, ки як ҳадафи асосии он донистани забони давлатӣ ва риояи имлои он мебошад. Аз кормандон ва омӯзгорон аз фанни забони давлатӣ диктант гирифта мешавад ва тибқи натиҷаи он ба кормандон баҳо дода мешавад.
Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дар идораҳои давлатию ғайридавлатии вилоят оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва имлои забони тоҷикӣ пайваста семинарҳо ва машғулиятҳои алоҳида оид ба забони тоҷикӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Барои донишҷӯёни қирғизтабор дар донишгоҳ ташкили курси омӯзиши забони тоҷикӣ низ дар назар аст. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯён, омӯзгорон ва магистрантҳо фаъолона ширкат менамоянд.
Дар соли таҳсили ҷорӣ аз тарафи омӯзгорони донишгоҳ зиёда аз 20 барнома дар радио ва телевизиони “Бадахшон” перомуни мақому манзалати забони давлатӣ пахш гардиданд. Дар саҳифаи фейсбукии донишгоҳ беш аз 35 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ дар хусуси забони давлатӣ ҷой дода шуданд.
Омӯзгорон, магистрантҳо ва докторантҳои PhD дар хусуси паҳлуҳои таҳқиқношудаи забони давлатӣ корҳои илмӣ анҷом дода истодаанд. Шиору овезаҳои донишгоҳ пурра ба забони давлатӣ таҳия ва насб карда шудаанд. Доир ба шиору овезаҳо, номҳои идораҳо, марказҳои савдо ва дигар муассисаҳо аз тарафи магистрантҳо ҷамъоварии мавод ва пажуҳишҳои илмӣ низ роҳандозӣ гардидаанд.
-Ташаккур барои суҳбат
-Саломат бошед.
Мусоҳиб Э. ХУШБАХТ,
“Омӯзгор”